Дар Тоҷикистон 17 ҳукми ҳабси абад содир шуд

Соли гузашта судҳои Тоҷикистон 17 ҳукми ҳабси абад содир намуданд, ки нисбат ба соли пештара 14 ҳукм бештар аст. Зимни нишасти хабарӣ раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки аз соли 2004 дар Тоҷикистон оид ба истифодаи ҳукми қатл мораторий эълон шудааст. Дар Тоҷикистон ҳукми ҳабси абад ҳамчун […]

Наргис Ҳамробоева


Соли гузашта судҳои Тоҷикистон 17 ҳукми ҳабси абад содир намуданд, ки нисбат ба соли пештара 14 ҳукм бештар аст.

Зимни нишасти хабарӣ раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки аз соли 2004 дар Тоҷикистон оид ба истифодаи ҳукми қатл мораторий эълон шудааст. Дар Тоҷикистон ҳукми ҳабси абад ҳамчун алтернативаи ҳукми қатл дар 5 навъи ҷиноятҳо – одамкушӣ, таҷовуз ба номус дар ҳолатҳои вазнин, терроризм, қатли ом ва биотсид пешбинӣ шудааст.

«Ба ҳабси абад аслан ашхоси дар куштори бераҳмона, терроризм, аз ҷумла содир намудани амали террористӣ дар назди бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Хуҷанд маҳкум шудаанд. Ҷиноёте ба монанди қатли ом ва биотсид дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст», – иброз дошт Азизов.

Ба гуфтаи Азизов, соли гузашта дар Тоҷикистон аз рӯйи парвандаҳои ҷиноӣ дар маҷмӯъ 5 ҳазору 973 ҳукм содир шудааст. Миёни онҳо 54 ҳукми эътирофи бегуноҳӣ низ мавҷуд аст, ки дар 15 ҳолат шаҳрвандон пурра ва дар ҳолатҳои боқимонда қисман бегуноҳ шуморида шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ ҳудуди 119 ҳазор парвандаҳои ҷиноӣ, шаҳрвандӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ғайра баррасӣ шудаанд, ки нисбат ба соли 2010 ба миқдори22 ҳазор зиёдтар аст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.