Судҳо соли гузашта ҳудуди 3,9 ҳазор санади иҷозати ҳабс доданд

Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҷониби судҳо 6 ҳазору 167 санади иҷозати ҳабс, кофтуков ва баргузор намудани дигар чораҳои тафтишотӣ (соли 2010 – 3 ҳазору 677) дода шудааст. Тавре раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов хабар дод, барои ба ҳабс гирифтан 3 ҳазору 878 (соли 2010 – 2 ҳазору 491) санад дода шуда, дар 129 […]

Наргис Ҳамробоева


Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҷониби судҳо 6 ҳазору 167 санади иҷозати ҳабс, кофтуков ва баргузор намудани дигар чораҳои тафтишотӣ (соли 2010 – 3 ҳазору 677) дода шудааст.

Тавре раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов хабар дод, барои ба ҳабс гирифтан 3 ҳазору 878 (соли 2010 – 2 ҳазору 491) санад дода шуда, дар 129 ҳолат бо сабабҳои гуногун додани додани санади ба ҳабс гирифтан рад карда шудааст.

З.Азизов қайд кард, ки интиқоли ҳуқуқи додани санади ба ҳабс гирифтан аз мақомоти тафтишотӣ ба мақомоти судӣ иқдоми муҳимест дар татбиқи барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар кишвар.

«Дар партави роҳандозии демократия дар ҷомеа ин иқдоми муҳимест, зеро дар ин сурат боздоштшуда (гумонбаршуда, айбдоршаванда) дар сурати норизо будан, метавонад аз болои санади иҷозати ба ҳабс гирифтан шикоят барад», – гуфт ӯ.

Дар посух ба суол бобати танҳо ба дурустии таҳияи қарор дар бораи ба ҳабс гирифтан эътибор додани судяҳо, номбурда гуфт, «129 ҳолати рад шудани додани санади ба ҳабс гирифтан гувоҳи он аст, ки судяҳо ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мекунанд».


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.