Ду садамаи нақлиётии марговар дар вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд ду ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он ду нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, шоми рӯзи панҷшанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ҷамоати Косатароши ноҳияи Панҷакент Фарҳод Усмонови 21-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Панҷакент-Суғдиён дар қаламрави ҷамоати Чорбед аз […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд ду ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, шоми рӯзи панҷшанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ҷамоати Косатароши ноҳияи Панҷакент Фарҳод Усмонови 21-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Панҷакент-Суғдиён дар қаламрави ҷамоати Чорбед аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа автомашина ба дарахти канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷаи ин бархӯрд ронандаи автомашина дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи ба ин монанд дар ноҳияи Конибодом низ ба вуқӯъ пайваст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота», сокини ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Конибодом Далер Мараҷабови 26-сола низ ба дарахти канори роҳ бархӯрда, аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта зимни мунтақил гардидан ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти шӯъбаи БДА-и РКД-и вилояти Суғд, соли 2011 дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 368 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2010 – 386 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари он 154 нафар ҳалок (соли 2010 – 108 нафар) ва 381 нафар (соли 2010 – 420 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.