Суд даъвои рӯҳониёни маъруф нисбат ба муфтиро қонеъ накард

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои рӯҳониёни маъруфи кишвар – бародарон Тӯраҷонзодаҳо нисбат ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзодаро қонеъ накард. Қарори суд рӯзи 22-юми феврал эълон карда шуд. Ёдрас мекунем, ки даъвогарон муфтиро ба туҳмат ва сохтакории изҳороти Шӯрои уламо, ки моҳи декабри соли гузашта дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ қироат карда шуд, муттаҳам […]

Меҳрангез Турсунзода


Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои рӯҳониёни маъруфи кишвар – бародарон Тӯраҷонзодаҳо нисбат ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзодаро қонеъ накард. Қарори суд рӯзи 22-юми феврал эълон карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки даъвогарон муфтиро ба туҳмат ва сохтакории изҳороти Шӯрои уламо, ки моҳи декабри соли гузашта дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ қироат карда шуд, муттаҳам карданд. Дар изҳорот оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа дар масҷиди оилавиашон гунаҳкор карда шуда буданд.

Бародарон Тӯраҷонзодаҳо гуфтанд, бо ин амал муфтӣ онҳоро ба ҷонибдорӣ ба мазҳаби шиа ва канорагирӣ аз мазҳаби ҳанафӣ гунаҳкор намуд. Банди дуюми даъвои бародарон дар он ифода меёфт, ки изҳороти интишоршудаи Шӯрои уламо гӯё дар Шӯро баррасӣ ва қабул нашудааст.

Ба гуфтаи раиси мурофиа судя Зокир Аминов, даъвогарон бобати аз ҷониби С.Абдуқодирзода бидуни назардошти ақидаи аъзои дигари Шӯро сохтакорӣ кардани изҳорот далелҳои кофӣ пешниҳод карда натаавонистанд.

Пас аз эълони қарори суд Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки тибқи баёноти шоҳидон, гӯё ҳеҷ яке аз аъзои Шӯрои уламо нисбат ба онҳо суханони таҳқиромез нагуфтааст, «вале ман нафаҳмидам, ки кӣ маро дар ин изҳорот 40 маротиба таҳқир кардааст, зеро мо бо вакили мудофеи худ дар матни изҳороти мазкур 40 калимаву ибораҳои тавҳиномез дарёфтем».

Дар ҳамин ҳол, Тӯраҷонзода дигар ба зинаҳои болоии судӣ шикоят бурданӣ нест, «зеро барои муроҷиат ба судҳои аврупоӣ мебояд аввал 5-6 зинаҳои судӣ дар дохили ҷумҳуриро тай намуд».

Раиси Шӯрои уламо Сакидмукаррам Абдуқодирзода пас аз содир шудани қарор гуфт, беайбии худро медонист, вале ба ҳар ҳол, аз ҷараёни мурофиаи судӣ изҳори нигаронӣ дошт.

«Агар бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз болои қарори мазкур ба зинаи болоӣ шикоят баранд, пас мо низ даъвои ҷавобӣ пешниҳод карда, аз онҳо барои зарари маънавӣ ҷуброн талаб хоҳем кард», – афзуд муфтӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.