Кумаки Хадамоти оташнишонони Суғд ба аҳолии камбизоат

Бори нахуст ба муносибати ҷашни Наврӯз қисмҳои оташнишонии Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ба сокинони камбизоати вилоят дасти ёрӣ дароз мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти раҳбарии Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд хабар доданд, ҳамаи 17 қисмҳои оташнишонии хадамот ба қишри камбизоати аҳолӣ, аз ҷумла оилаҳои кормандони хадамот низ бо маводи ғизойӣ ва дигар […]

Бахтиёр Валиев


Бори нахуст ба муносибати ҷашни Наврӯз қисмҳои оташнишонии Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ба сокинони камбизоати вилоят дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти раҳбарии Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд хабар доданд, ҳамаи 17 қисмҳои оташнишонии хадамот ба қишри камбизоати аҳолӣ, аз ҷумла оилаҳои кормандони хадамот низ бо маводи ғизойӣ ва дигар кумакҳо ёрӣ мерасонанд. Таъмини оилаҳои камбизоат бо як халта орд ва 10 кило равған пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, ахири ҳафтаи гузашта дар қисми оташнишонии №22-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо кумаку дастгирии мақомоти раҳбарии қисми мазкур ва Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд маросими тӯйи хатнасури се нафар фарзандон аз оилаҳои камбизоати кормандони хадамот ва як нафар фарзанди сокини маҳаллӣ баргузор шуд. Ба ин оилаҳо ба сифати туҳфа велосипед, телевизор ва сарулибосу пойафзол тақдим гардид.

Тавре дар Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд зикр карданд, айни замон музди меҳнати хизматчии қатории хадамоти оташнишонӣ 500 сомониро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.