Украина ва Тоҷикистон 8 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари давлатии серӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина аз пагоҳ шурӯъ мешавад. Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сарони давлатҳои Тоҷикистону Украина ҷузъиёти ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблиро, ки моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари расмии президенти Украина ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари давлатии серӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина аз пагоҳ шурӯъ мешавад.




Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сарони давлатҳои Тоҷикистону Украина ҷузъиёти ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблиро, ки моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари расмии президенти Украина ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Ғайр аз ин, сарони кишварҳо аз ҷараёни иҷрои Нақшаи кории «Тоҷикистон- Украина барои солҳои 2008-2009» натиҷагирӣ намуда, перомуни масоили муҳими амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ табодули афкор хоҳанд кард. «Дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири ин кишвар Юлия Тимошенко дар назар аст», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни боздид имзои 8 санади байнидавлатӣ, аз қабили Изҳороти муштараки сарони кишварҳо, Созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу санъат, сайёҳиву сиёсати ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бахши кишоварзӣ, Созишномаи ҳамкорӣ

 

миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Киеви ба номи Тарас Шевченко ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни давлатҳо то соли 2012 ба нақша гирифта шудааст.



Дар чаҳорчӯбаи сафар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз шаҳри Киев, ҷиҳати баррасии масоили роҳандозии ҳамкориҳои минтақавӣ аз шаҳрҳои Лвов ва Харкови ин кишвар низ боздид хоҳад кард. «Аз ҷумла, дар Харков сарвари давлати Тоҷикистон бо фаъолияти ҶСК «Турбоатом», ки минбаъд чун таъминкунандаи таҷҳизоти гидротехникӣ ба нерӯгоҳи Роғун арзёбӣ мешавад, аз наздик шинос хоҳад гашт», – афзуд манбаъ. Сафари президенти Тоҷикистон ба Украина то 5-уми декабр идома хоҳад ёфт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.