Хуҷанд. 29-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд коҳиши нархи бензин ба мушоҳида мерасад.
Тавре аз мақомоти дахлдори ҳукумати вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл арзиши бензин ба 3 сомониву 40 дирам баробар буд. «Феълан арзиши он дуним сомониро ташкил медиҳад», – изҳор дошт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бобати гузаронидани санҷиши нархи бензин вобаса ба коҳиш ёфани арзиши он дар бозори ҷаҳонӣ супориши махсус дода буд.
Ба иттилои манбаъ, феълан ба вилояти Суғд ширкатҳои «Газпромнефт», «НАРУ» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва «Муқумов» (ноҳияи Конибодом) маводи сӯзишворӣ ворид месозанд. «Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ин ширкатҳо ба вилоят асосан аз Русия 2 ҳазору 512 тонна бензин ворид карданд», – афзуд манбаъ.


