Имкони таъсиси фондҳои қарзии имтиёзнок барои тиҷорат

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати ҶТ бо иштироки кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, вазорату идорахои дахлдор ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ лоиҳаи пешакии қонун «Дар бораи дастгирии соҳибкории хурду миёна» баррасӣ шуд. Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Манзура Маҳкамова зикр кард, ки […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати ҶТ бо иштироки кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, вазорату идорахои дахлдор ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ лоиҳаи пешакии қонун «Дар бораи дастгирии соҳибкории хурду миёна» баррасӣ шуд.

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Манзура Маҳкамова зикр кард, ки қонуни нав ба таъмини хубтари субъектҳои соҳибкории хурду миёна бо шароитҳои мусоиди корӣ ва рақобатпазирӣ нигаронида шудааст.

Мушовир оид ба масоили ҳуқуқии Кумита Сарвар Холиқов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт,  ба ин монанд қонуни амалкунанда ҳанӯз соли 2002 қабул гардида, бинобар сабаби тағйироти зиёде дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва қонунгузории миллӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест ва аз ин рӯ, имрӯз дастгирии воқеии соҳибкорӣ аз ҷониби давлат эҳсос намешавад.

«Қонуни нав ба танзими дастгирии воқеии соҳибкории хурду миёна аз ҷониби давлат нигаронида шуда, дар асоси он имкони таъсиси фондҳое мавҷуданд, ки ба соҳибкорон бо шартҳои имтиёзнок қарз дода тавонанд», – гуфт вай.

С.Холиқов зикр кард, ки мушкилоти асосии имрӯзаи соҳибкор фоизҳои беҳад баланди қарзҳои бонкӣ мебошад. «Бо 30-36%-и фоизи қарзи бонкӣ дар як сол метавон танҳо ба хариду фурӯш машғул шуд, зеро барои роҳандозии истеҳсолот ва ба даст овардани фоида аз он муддати зиёдтаре лозим аст», – иброз дошт ӯ.

Номбурда изҳор кард, ки мушкили дигар барои соҳибкорон низоми хеле мураккаби иҷозатномадиҳӣ аст. «Соли гузашта шумори чунин иҷозатномаҳо аз 600 то 80 номгӯй коҳиш дода шуд ва акнун мо онро боз 50 дарсад кам карданием, зеро ҳар қадре соҳибкор бо маснабдор камтар муносибат кунад, ҳамон қадар мизони ришвахорӣ коҳиш меёбад», – афзуд мушовир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.