Ҳалокати 14 нафар бар асари офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввал

Дар семоҳаи аввали соли равон бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 14 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин шумор ба 17 нафар баробар буд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, дар семоҳаи аввали соли 2012 дар қаламрави кишвар 155 ҳодисаҳои офати табиӣ ба қайд гирифта […]

Виктория Наумова


Дар семоҳаи аввали соли равон бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 14 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин шумор ба 17 нафар баробар буд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, дар семоҳаи аввали соли 2012 дар қаламрави кишвар 155 ҳодисаҳои офати табиӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа аз 53 манзили зисти зарардида 19 хона пурра хароб шудааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳаҷми маблағи зарар аз офатҳои табиӣ дар ин давра беш аз 2 млн. 342 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар зарфи се моҳи соли гузашта ин нишондиҳанда каме бештар аз 81 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ки ҳодисаи ахири офати табиӣ субҳи 25-уми апрел дар ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, ба маҳаллаи аҳолинишини Тайланобод хисороти зиёде ворид сохтааст.

Бар асари фаромадани сел дар ин мавзеъ роҳҳои автомобилгард, манзилҳои зист, заминҳои кишт ва қитъаҳои замини наздиҳавлигии аҳолӣ осеб дидаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Айни замон дар ин мавзеъ корҳои барқароркунӣ идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 90%-и аҳолии Тоҷикистон то соли 2040 бо оби тоза таъмин мешаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар Ҳамоиши байналмилалии об дар шаҳри Душанбе гуфт, Тоҷикистон нақша дорад, то соли 2040 “дастрасии аҳолиро ба оби мутамаркази ошомиданӣ...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.