Нақши муҳоҷирони тоҷик дар марҳилаи кунунии рушди Русия

Дар доираи конфронси байнулмилалии илмӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия таҳти унвони «Хонишҳои нахустини Елцинӣ. Русия ва Осиёи Марказӣ: стратегияи ҳамкории мутақобила» нақши муҳоҷирони кории тоҷик дар марҳилаи кунунии рушди Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба маълумоти маркази матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, зимни маърӯза дар яке гурӯҳҳои конфронс дар мавзӯи […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар доираи конфронси байнулмилалии илмӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия таҳти унвони «Хонишҳои нахустини Елцинӣ. Русия ва Осиёи Марказӣ: стратегияи ҳамкории мутақобила» нақши муҳоҷирони кории тоҷик дар марҳилаи кунунии рушди Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, зимни маърӯза дар яке гурӯҳҳои конфронс дар мавзӯи «Муҳоҷирон, шаҳрвандони ҶТ дар марҳилаи кунунии рушди Русия» корманди намояндагии хадамот Ш.Таваров зикр кардааст, ки аз ҷониби ҳукумати ҶТ ҷиҳати ба тартиб овардани раванди муҳоҷират, таҳкими ҳифзи иҷтимоии онҳо, беҳбуди сатҳи касбӣ, омӯзиши забони русӣ ва аз бар намудани урфу одатҳои кишвари будубоши муҳоҷирон тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Дар конфронс дар маҷмуъ ба масоили мушкилоти ҷойдошта дар бозори меҳнат ва ба таври ҷудогона ба масоили танзими равандҳои муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст.

Дар кори конфронс олимони саршиноси Русия, арбобони маъруфи ҷомеа ва ҳамчунин Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Парвиз Асоев иштирок карданд.

Тибқи баъзе маълумот, айни замон аз қариб аҳолии 8 млн. нафараи Тоҷикистон беш аз 1 млн. нафар муҳоҷирати корӣ ва будубош дар Русияро ихтиёр кардаанд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2011 бо истифода аз низомҳои интиқоли мабалғҳои пулӣ ва почтаи Русия шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 3 млрд. $ маблағ интиқол додаанд.

Ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта қариб 50 дарсади ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар соли 2011-ро ташкил дода, аз ҳаҷми қисми даромади буҷети давлатии соли 2012 ба андозаи 30 дарсад бештар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон беш аз 30 млрд. сомонӣ (зиёда аз 6,3 млрд. $) ва даромади буҷет 8,3 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1,74 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.