Омодагиҳо ба гузашти низомӣ бахшида Рӯзи Ғалаба

Дар гузашти низомӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳудуди 1,5 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ширкат хоҳанд варзид. Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз дар боғи Ғалабаи пойтахт тамринҳои гузашти низомӣ оғоз гардида, рӯзи 9-уми май дар ин ҷо гузашти низомӣ доир мегардад. […]

Виктория Наумова


Дар гузашти низомӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳудуди 1,5 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ширкат хоҳанд варзид.

Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз дар боғи Ғалабаи пойтахт тамринҳои гузашти низомӣ оғоз гардида, рӯзи 9-уми май дар ин ҷо гузашти низомӣ доир мегардад.

«Ба гузашти низомӣ афсарону сарбозони воҳидҳои гарнизони Душанбе, Гвардияи миллӣ ва ҳамчунин донишчӯёни муассисаҳои таълимоти низомии кишвар ва нерӯҳои марзбонӣ сафарбар карда мешаванд», – гуфтанд дар Вазорати мудофиа.

Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.

Маъмулан ба гузашти низомӣ собиқадорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аҳли оилаи онҳо даъват карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.