Ҳудуди 39 ҳазор сомонӣ ҷарима барои саривақт нагирифтани шиноснома

Сар аз соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 971 ҳолати саривақт муроҷиат накардан ба гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ ва часпонидани акс аз рӯйи синнусол ба он ба қайд гирифта шудааст. Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Хадамоти шиносномаву раводиди шаҳри Кӯлоб подполковники милиса Абдуғаффор Фаттоев хабар дод, аксари шаҳрвандон ба муқаррароти аз синни 16-солагӣ гирифтани шиноснома […]

Турко Дикаев


Сар аз соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 971 ҳолати саривақт муроҷиат накардан ба гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ ва часпонидани акс аз рӯйи синнусол ба он ба қайд гирифта шудааст.

Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Хадамоти шиносномаву раводиди шаҳри Кӯлоб подполковники милиса Абдуғаффор Фаттоев хабар дод, аксари шаҳрвандон ба муқаррароти аз синни 16-солагӣ гирифтани шиноснома ва часпонидани аксҳои нав ба он дар синни 25 ва 40-солагиро риоя намекунанд.

«Як қисмати муайяни ҷавонон чун ба синни 18-20-сола мерасанду ихтиёри муҳоҷират ба Русияро пеш мегиранд, баъд барои гирифтани шиноснома ба мо муроҷиат мекунанд», – мегӯяд вай.

Ба гуфтаи Фаттоев, барои саривақт муроҷиат накардан ба гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ ва часпонидани акс аз рӯйи синнусол шаҳрвандон дар маҷмуъ ба маблағи 38 ҳазору 840 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

«Барои беҳбуди вазъ дар ин самт кормандони хадамот рӯзи сеюм аст, ки дар макотиби таҳсилоти умумӣ ба хатмкунадагони синни 16-сола дар вазъияти тантанавӣ шиносномаҳои шаҳрванди Тоҷикистонро месупоранд ва дар зарфи 3 рӯз аллакай беш аз 600 адад шиносномаҳо соҳибони худро пайдо карданд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда афзуд, ҳамчунин дар бинои хадамот низ дар вазъияти тантанавӣ боз ҳамин миқдор хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумии маркази шаҳри Кӯлоб соҳиби шиноснома шуда, доимӣ кардани ин анъана дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.