Вохӯрии намояндагони сохторҳои давлатии Кӯлоб бо донишҷӯёни квотадор

Чанде қабл дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб вохӯрии намояндагони сохторҳои давлатии шаҳр бо донишҷӯёни соҳиби квотаи президентӣ баргузор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» созмондиҳандагони чорабинӣ хабар доданд, айни замон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва филиалҳои Донишгоҳҳои технологиву аграрӣ дар маҷмуъ 350 нафар писарону духтарон, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 313 нафар тибқи квотаи президентӣ […]

Турко Дикаев


Чанде қабл дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб вохӯрии намояндагони сохторҳои давлатии шаҳр бо донишҷӯёни соҳиби квотаи президентӣ баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» созмондиҳандагони чорабинӣ хабар доданд, айни замон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва филиалҳои Донишгоҳҳои технологиву аграрӣ дар маҷмуъ 350 нафар писарону духтарон, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 313 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд.

Ба қавли ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Шодӣ Солеҳов, донишҷӯёни тибқи квота таҳсилдошта ба таври бояду шояд таҳсил карда, дар ин давра танҳо як донишҷӯи квотадор барои давомнокии бад хориҷ ва як нафари дигар бинобар вазъи оилавӣ ба дигар мактаби олӣ гузаронида шудааст.

Вохӯрӣ таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова доир гардида, дар фарҷом ба донишҷӯён аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ асбобу лавозимоти барои хобгоҳ зарур, аз қабили яхдону мошинҳои либосшӯйӣ ва дигар таҷҳизоти маишии рӯзгор туҳфа карда шуд.

С.Шерова иттилоъ дод, ки дар 15 мактаби олии Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ дар маҷмуъ 2036 нафар зодагони вилояти Хатлон таҳсили илм мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.