Маросими ёдбуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрйигитов дар Любан

Намояндагони диаспораи тоҷики шаҳри Санкт-Петербург дар чорабиниҳои идона бахшида ба 67-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд. Рӯзи 9-уми май бо ташаббуси Хазинаи кӯмак ба муҳоҷирони тоҷики Санкт-Петербург барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Любан (вилояти Ленинград, 75 километрии шаҳри Санкт-Петербург) зиёфат ташкил гардида, ба собиқадорону меҳмонони чорабинӣ палави тоҷикӣ пешкаш карда […]

ASIA-Plus


Намояндагони диаспораи тоҷики шаҳри Санкт-Петербург дар чорабиниҳои идона бахшида ба 67-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд.

Рӯзи 9-уми май бо ташаббуси Хазинаи кӯмак ба муҳоҷирони тоҷики Санкт-Петербург барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Любан (вилояти Ленинград, 75 километрии шаҳри Санкт-Петербург) зиёфат ташкил гардида, ба собиқадорону меҳмонони чорабинӣ палави тоҷикӣ пешкаш карда шуд.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Любан қабри Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, тоҷикписар Тӯйчӣ Эрйигитов ҷойгир аст.

Дар ҷамъомади тантанавӣ дар шаҳри Любан борҳо аз қаҳрамонии тоҷикписар ёдоварӣ гардид, ки бо тани худ амбразураи душманро пӯшонда, ба пешравии қисмаш ноил гардида буд.

Дар бораи қаҳрамонии Тӯйчӣ Эрйигитов сокинони шаҳри Любан аз насл ба насл хотира боқӣ мегузоранд. Як кӯча ва як мактаби шаҳр ба номи Эрйигитов номгузорӣ шудааст.

Намояндагони диаспораи тоҷикони Санкт-Петербург дар дигар чорабиниҳои идона низ ширкат варзиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.