Омӯзиши кормандони ВКД дар АНМН оид ба омодасозии дурусти ҳисобот

Имрӯз дар таълимгоҳи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон барои кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири (РММҒММ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг оғоз гардид, ки қарор аст муддати  10 рӯз идома кунад. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, тӯли ин муддат кормандони РММҒММ аз рӯи истифодаи барномаи  […]


Имрӯз дар таълимгоҳи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон барои кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири (РММҒММ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг оғоз гардид, ки қарор аст муддати  10 рӯз идома кунад.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, тӯли ин муддат кормандони РММҒММ аз рӯи истифодаи барномаи  «Microsoft Office Excel» ҳангоми омода кардани маълумоти оморӣ, «i2» ҳангоми таҳлили гуфтугӯҳои телефонӣ ва «Intellect» омӯзиш хоҳанд дид.

«Тобистони соли ҷорӣ баргузории тренинги ҳамсон барои он идда аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки мутассадии омодасозии ҳисобот мебошанд, дар назар аст .

Музаффар Ҳотамов, сардори Шӯъбаи кадрҳои Агентӣ мегӯяд ин на аввалин дарси омӯзишист, ки мураббиёни Агентӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар мегузаронанд», – гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар гузашта низ чунин тренингҳо на танҳо барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, балки барои кормандони идораҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор карда шуда буданд.

Дар айни замон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифтитоҳи маркази бозомӯзии кормандони хадамоти зиддимухаддиротӣ, ки аз ҷониби САҲА маблағгузорӣ шудааст, омодагӣ меравад. Ҳоло корҳои насбкунии таҷҳизоти омӯзишӣ, техникаи ташкилӣ ва бунёди китобхонаи махсус идома доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.