Оғози фаъолияти шабакаи иҷтимоии Тоҷикистон

Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет нахустин шабакаи иҷтимоии тоҷикӣ – www.socialnet.tj ба фаъолият шуруъ кард. Ин ягона шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Шабакаи мазкурро ҷавонон – донишҷӯёне, ки машғули барномасозианд, таҳия намудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз маъмурони socialnet.tj, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Фирдавс Ёрматов хабар дод, ҳадаф аз таҳияи шабака кӯмак ба […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет нахустин шабакаи иҷтимоии тоҷикӣ –

www.socialnet.tj

ба фаъолият шуруъ кард. Ин ягона шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Шабакаи мазкурро ҷавонон – донишҷӯёне, ки машғули барномасозианд, таҳия намудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз маъмурони socialnet.tj, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Фирдавс Ёрматов хабар дод, ҳадаф аз таҳияи шабака кӯмак ба одамон аст, то ки тоҷикистониён дӯстони худро дар шабакаи тоҷикиву миллии худ пайдо кунанд.

«Тоҷикистониёни зиёде дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ ва таҳсил доранд ва мо мехоҳем, ки барои онҳо дар шабакаи мо пайдо кардани дӯстонашон қулай ва осон бошад, – мегӯяд яке аз таҳиягарон. – Ғайр аз ин, мо ба ҷаҳониён нишон доданием, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоии бегона, аз қабили Facebook ва Одноклассники ҳатмӣ нест. Ҳамаи кишварҳо шабакаи иҷтимоии мустақили худро доранд ва тоҷикистониён ҳам бояд дошта бошанд».

Ба қавли ӯ, айни замон дар бандубаст ва таъмини фаъолияти сомона се нафар машғуланд. Ф. Ёрматов ҳамчунин зикр кард, ки сомона сарпараст надорад, ҳарчанд онҳо ба дастгирии сарпарастон ниёз доранд, то ки нияту андешаҳои худро рӯйи кор оваранд.

Маврид ба ёдоварист, ки аввали моҳи марти соли равон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон изҳор карда буд, ки дар шабакаи Интернет

торнамои ба Фейсбук монанди худро боз карданист.

Мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ дар робита ба ин масъала гуфт, айни замон сомонаи зикршуда дар марҳилаи таҳия қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, корманди масъули таҳияи шабакаи миллии иҷтимоии ҳизб дар рухсатии меҳнатӣ аст ва аз ин рӯ, ӯ наметавонад дар ин хусус маълумоте муфассалтаре пешниҳод созад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.