Дархости ҳукумат бобати озод кардани боз як ширкат аз ААИ ва боҷи гумрукӣ

Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи тағйироти нав ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Кумитаи парлумон оид ба молия ва буҷет Исмоил Талбаков хабар дод, мутобиқи ин тағйирот, озод кардани ҶДММ «Зерновая компания»-и Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва […]

Аваз Юлдошев


Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи тағйироти нав ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Кумитаи парлумон оид ба молия ва буҷет Исмоил Талбаков хабар дод, мутобиқи ин тағйирот, озод кардани ҶДММ «Зерновая компания»-и Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти технологияи нави коркарди зироати ғалладона тибқи қарордод бо шарики хориҷиаш пешбинӣ мегардад. Аммо вакил аз пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи ширкат ва шарики он худдорӣ варзид.

Ба қавли Талбаков, ҳукумат ҳамчунин дархост кардааст, ки 15% аз воситаҳои махсуси аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба қисми даромади буҷет воридшавандаро ба эҳтиёҷоти худӣ истифода намояд. «Аммо то ҳанӯз маълум нест, ки дар сурати пазируфта шудани ин тағйирот, буҷет чӣ қадар маблағро аз даст медиҳад», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми апрел парлумони ҷумҳурӣ бо дархости ҳукумат ширкати муштараки Тоҷикистону Чин «Хуаксин Гаюр семент»-ро зимни воридоти таҷҳизот, масолеҳи сохтмон ва дигар маҳсулоти зарурӣ барои сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон

аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.