Оғози омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Дар майдони маҷмааи мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА корҳои таъмиру таҷдид ба анҷом расонида шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, ин корҳо дар доираи марҳилаи аввали омодагӣ ба таҷлили ҷашни 700-солагии файласуфи машҳури тоҷику форс, рӯҳонии маъруф ва олим Мир Сайид […]

Турко Дикаев


Дар майдони маҷмааи мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА корҳои таъмиру таҷдид ба анҷом расонида шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, ин корҳо дар доираи марҳилаи аввали омодагӣ ба таҷлили ҷашни 700-солагии файласуфи машҳури тоҷику форс, рӯҳонии маъруф ва олим Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки соли 2014 баргузор мешавад, ба иҷро расидаанд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар мақомоти дахлдор як қатор пешниҳодоти Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба барқарор ва рушди иншооти зербинои иҷтимоии минтақа дар робита ба ин ҷашн мавриди ҳаллу фасл қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дар робита ба ин масъала гуфт, ӯ бо сафири Эрон дар Тоҷикистон аллакйа ду вохӯрӣ доир карда, оид ба тамоми масоили марбут ба ин ҷашн тавофуқи усулӣ ҳосил шудааст.

Мир Сайид  Алии  Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги  фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон  ба шумор меравад. Ӯро дар мамолики  Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили  Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпушт, Мири Сиёҳпушт, Ҳазрати Амирҷон ёдовари мекарданд. Дар Тоҷикистони мо, хоса вилояти Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа аз рӯи муҳаббати бепоёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебаранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.