Иҷозати намози ҷумъа ба ду масҷиди панҷвақтаи Ҳисор

Ба ду масҷиди намози панҷгонаи ноҳияи Ҳисор барои гузаронидани намози ҷумъа иҷозат дода шуд. Тавре ба islamnews.tj сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ Солеҳҷон Завқиев хабар дод, дар маҷмуъ ҳукуматдорони ноҳия бо ин мақсад 10 масҷидро пешниҳод кардаанд, вале танҳо ду масҷид ба талаботи зарурии баргузории намози ҷумъа ҷавобгӯ […]


Ба ду масҷиди намози панҷгонаи ноҳияи Ҳисор барои гузаронидани намози ҷумъа иҷозат дода шуд.

Тавре ба islamnews.tj сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ Солеҳҷон Завқиев хабар дод, дар маҷмуъ ҳукуматдорони ноҳия бо ин мақсад 10 масҷидро пешниҳод кардаанд, вале танҳо ду масҷид ба талаботи зарурии баргузории намози ҷумъа ҷавобгӯ будаанд.

«Ба масҷидҳои намози панҷгона барои ба ибодаткунандагон мусоиду қулай будани баргузории намози ҷума иҷозат дода мешавад. Ахиран шумори хоҳишмандони иштирок дар намози ҷумъа рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва дар масҷидҳои намози ҷумъаи амалкунанда ба ибодаткунандагон ҷой намерасад», – қайд кард Завқиев.

Ба гуфтаи ӯ, зимни додани иҷозатнома як қатор талабот, аз қабили шароити мусоид барои ибодат, ҷавобгӯ будани масҷид ба талаботи санитариву гигиенӣ, экологӣ ва меъмориву бехатарии сӯхтор ба инобат гирифта шуданд. «Ҳамчунин дар назди масҷидҳо бояд истгоҳ барои автомашинаҳо мавҷуд бошад, то ки автомашинаи зиёд дар як ҷо ҷамъ нашуда, ба ҳаракати нақлиёт халал нарасонад», – таъкид кард Завқиев.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон дар ноҳияи Ваҳдат ба 19 масҷиди намози панҷгона гузаронидани намози ҷумъа иҷозат дода шуд. Дар ҳамин ҳол, суди шаҳри Ваҳдат яке аз масҷидҳои маъруфи шаҳр – масҷиди «Муҳаммадия»-и оилаи Тӯраҷонзодаҳоро аз мақоми масҷиди ҷомеи намози ҷумъа маҳрум кард.

Соли 2011 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 835 масҷид амал мекард ва пас додани шаҳодатнома ба 47 масҷиди нав дар таърихи 16-уми феврал шумори онҳо ба 3 ҳазору 882 адад расид.

Завқиев зикр кард, ки феълан ба 1 масҷид бо шумули занону ноболиғон, ки ба масҷид намераванд, 1,9 ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.