Кишти пунбадона дар арафаи анҷомёбист

Дар Тоҷикистон кишти пунбадона дар арафаи анҷомёбӣ буда, кишоварзони тоҷик нақшаи киштро тақрибан ба андозаи 95% ба иҷро расониданд. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан аз 210 ҳазор гектар замини кишти тибқи нақша пешбинишуда, қариб дар 200 ҳазор гектар кишти пунбадона ба анҷом расидааст. Дар маҷмуъ, соли равон дар вилояти […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон кишти пунбадона дар арафаи анҷомёбӣ буда, кишоварзони тоҷик нақшаи киштро тақрибан ба андозаи 95% ба иҷро расониданд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан аз 210 ҳазор гектар замини кишти тибқи нақша пешбинишуда, қариб дар 200 ҳазор гектар кишти пунбадона ба анҷом расидааст.

Дар маҷмуъ, соли равон дар вилояти Хатлон майдони умумии кишти пунбадона 128 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1,3 ҳазор гектар бештар аст. Дар вилояти Суғд дар майдони ҳудуди 60 ҳазор гектар ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар майдони 12 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон деҳқонон бо назардошти обуҳаво аз 415 то 420 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданианд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 204 ҳазор гектар кишт шуда буд, ки нисбат ба соли 2010 41,6 ҳазор гектар бештар буд. Соли гузашта кишоварзони ҷумҳурӣ беш аз 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, нақша 6,2% барзиёд иҷро ва бори нахуст дар давоми 20 соли истиқлолият аз ҳар як гектар 20,5 сентнер ҳосил ба даст оварда шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.