Кӯмаки Арабистони Саудӣ баҳри такмили дониши имомхатибон

Дар вохӯрии раиси Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Холиқов ва ҳайати расмии Арабистони Саудӣ таҳти сарварии ваколатдори Вазорати умури Ислом, вақф ва даъвати ин кишвар Абдулазиз ибн Абдуллоҳ ал Аммор изҳор шуд, ки Арабистони Саудӣ ҷиҳати баргузории давраҳо (курсҳо)-и омӯзишӣ барои такмили донишҳои динии имомхатибони Тоҷикистон омода аст. Тавре ба islamnews.tj аз Кумитаи […]


Дар вохӯрии раиси Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Холиқов ва ҳайати расмии Арабистони Саудӣ таҳти сарварии ваколатдори Вазорати умури Ислом, вақф ва даъвати ин кишвар Абдулазиз ибн Абдуллоҳ ал Аммор изҳор шуд, ки Арабистони Саудӣ ҷиҳати баргузории давраҳо (курсҳо)-и омӯзишӣ барои такмили донишҳои динии имомхатибони Тоҷикистон омода аст.

Тавре ба islamnews.tj аз Кумитаи умури дин хабар доданд, ҳайати Арабистони Саудӣ изҳор кардааст, ки ба ташкили марказҳои таълимӣ барои омӯзиши имомхатибон омода аст. «Чӣ гуна ва дар куҷо баргузор шудани ин давраҳои омӯзишӣ барои имомхатибон бо дастгирии Арабистони Саудӣ ҳанӯз маълум нест. Гуфтушунидҳо дар ин самт идома ёфта, ҳамчунин барои амалӣ гардидани он заминаи дахлдори таълимӣ ва қонунгузорӣ низ омода хоҳад шуд», – гуфтанд дар Кумита.

Ёдрас мекунем, ки соли 2011 Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ барои такмили ихтисоси 448 нафар имомхатибони ҷумҳурӣ 11 давраи омӯзишии кӯтоҳмуддат доир кард. Дар ин давраҳои омӯзишӣ барои имомхатибон мутахассисони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, намояндагони Академияи улум, Суди конститутсионӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи умури дин, Маркази исломии ҷумҳурӣ ва ҳамчунин намояндагони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе машғулиятҳо баргузор намуданд.

Ғайр аз ин, соли гузашта бо мақсади такмили ихтисос ва шиносоӣ бо фаъолияти имомхатибони масҷидҳо дар хориҷи кишвар, панҷ нафар имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар ба Туркия ва боз 13 нафар ба Қувайт сафарбар шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.