Сӯзонидани наздики 600 кило маводи мухаддир дар Душанбе

Дата:


Чанде қабл дар тафдонҳои заводи «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе  бо иштироки роҳбарияти Раёсати тафтишотӣ, Раёсати амнияти дохилии ВКД, намояндагони мақомоти Прокуратура, Суд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма несту нобуд кардани маводҳои нашъадор тариқи сӯзонидан  доир гардид, ки дар ин чорабинӣ наздики 600 кг маводҳои нашъадор нобуд карда шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз  ин миқдор 94 кг «героин», 32 кг «афюн», 477 кг «бангдона», 1929 адад ҳабҳо, яъне таблеткаҳо аз рӯи 157  парвандаҳои ҷиноӣ, ки нисбаташон ҳукми суд баромадааст, маҳв карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки вобаста ба ин 200 нафар шаҳрванд бо ҷурми фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, равонаи зиндон шудаанд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное