Боздошти мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав бо як миқдор героин

Date:


Дар фурудгоҳи Душанбе аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ шуд.

Тавре аз Хадамоти гумрук хабар доданд, кормандон ҳангоми санҷиши гумрукии бағочи мусофирони хатсайри самти Душанбе-Маскав ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Ш.Г.-и 24-соларо боздошт намудаанд.

«Зимни кофткови шахсии мусофир аз кисаи ӯ як бастаи селлофании дорои 550 грамм маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи қазия ба дӯши прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ вогузор шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...