Дар шаҳри Душанбе зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Механизми воридкунии маъюбон ба фаъолияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ сиёсӣ дар Тоҷикистон» масоили ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва ҳуқуқҳои онҳо баррасӣ мешаванд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Департамент оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ва намояндагии Барномаи рушди СММ дар ҶТ созмон дода мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар бахши ҳамгиройии шахсони имконияташон маҳдуд ва баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳифзи иҷтимоии маъюбон бо мақсади эҳтимоли имзои «Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» аст.
Дар кори мизи гирд иштироки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов, ҳамоҳангсози СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, ҷамъиятҳои маъюбони шаҳри Душанбе ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалии ғайриҳукуматӣ дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки Маҷмаи кулли СММ «Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон»-ро 13-уми декабри соли 2006 қабул карда, 3-юми майи соли 2008 он мавриди амал қарор гирифт. Дар як вақт бо Конвенсия Протоколи факултативӣ ба он қабул ва мавриди амал қарор гирифт. То ин дам ҳуқуқи маъюбон дар ҳуҷҷати ягонаи ҳуқуқӣ-байнулмилалӣ дарҷ наёфта буданд. Айни замон Конвенсияи мазкур аз ҷониби 153 кишвари ҷаҳон ба имзо расида, 109 давлат онро тасдиқ намудаанд. Протоколи факултативӣ ба онро 90 кишвари дунё ба тасвиб расониданд.


