Баррасии масоили ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Механизми воридкунии маъюбон ба фаъолияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ сиёсӣ дар Тоҷикистон» масоили ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва ҳуқуқҳои онҳо баррасӣ мешаванд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Департамент оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ва намояндагии Барномаи рушди СММ дар ҶТ созмон дода мешавад. Тавре ба ОИ […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар шаҳри Душанбе зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Механизми воридкунии маъюбон ба фаъолияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ сиёсӣ дар Тоҷикистон» масоили ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва ҳуқуқҳои онҳо баррасӣ мешаванд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Департамент оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ва намояндагии Барномаи рушди СММ дар ҶТ созмон дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар бахши ҳамгиройии шахсони имконияташон маҳдуд ва баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳифзи иҷтимоии маъюбон бо мақсади эҳтимоли имзои «Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» аст.

Дар кори мизи гирд иштироки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов, ҳамоҳангсози СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, ҷамъиятҳои маъюбони шаҳри Душанбе ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалии ғайриҳукуматӣ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки Маҷмаи кулли СММ «Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон»-ро 13-уми декабри соли 2006 қабул карда, 3-юми майи соли 2008 он мавриди амал қарор гирифт. Дар як вақт бо Конвенсия Протоколи факултативӣ ба он қабул ва мавриди амал қарор гирифт. То ин дам ҳуқуқи маъюбон дар ҳуҷҷати ягонаи ҳуқуқӣ-байнулмилалӣ дарҷ наёфта буданд. Айни замон Конвенсияи мазкур аз ҷониби 153 кишвари ҷаҳон ба имзо расида, 109 давлат онро тасдиқ намудаанд. Протоколи факултативӣ ба онро 90 кишвари дунё ба тасвиб расониданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.