Манъи ҳаракати мошинҳои бузургҳаҷм дар ағбаи Шаҳристон

Ахири ҳафтаи равон чанде аз ронандагон (намояндагони ширкатҳои русиягӣ) ба идораи ОИ «Азия-Плюс» занг зада изҳор карданд, ки ҳаракати беш аз 60 адад автомашинаҳои бузургҳаҷм (фура) бо маҳсулоти ғизойиву доруворӣ ва дигар коло аз Туркия, Қазоқистон, Молдова, Русия ва Украина дар ағбаи Шаҳристон манъ шудааст. Дар робита ба ин масъала муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр […]

Мунаввара Рябикина


Ахири ҳафтаи равон чанде аз ронандагон (намояндагони ширкатҳои русиягӣ) ба идораи ОИ «Азия-Плюс» занг зада изҳор карданд, ки ҳаракати беш аз 60 адад автомашинаҳои бузургҳаҷм (фура) бо маҳсулоти ғизойиву доруворӣ ва дигар коло аз Туркия, Қазоқистон, Молдова, Русия ва Украина дар ағбаи Шаҳристон манъ шудааст.

Дар робита ба ин масъала муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёров изҳор кард, ки манъи ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм бинобар сабаби вазъи ғайриқаноатбахши роҳ дар ағбаи Шаҳристон сурат гирифтааст.

«Ин роҳ натанҳо аз гардишҳои тангу ҷаридор иборат аст, балки ба обшавии барф ҳам тобовар нест, бинобар он, бисёр қисматҳояш тез-тез хароб мешаванд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, қаблан ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сафоратхонаҳо ва намояндагони кишварҳои гуногун хабар дода шуда буд, ки айни замон вазъи роҳ дар ағбаи Шаҳристон ба ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм имкон намедиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.