Шуруъ аз моҳи апрел дар тамоми нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» терминалҳои бонкӣ насб шуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, аз ин ба баъд ронандагоне, ки дорои кортҳои бонкии Visa, Maestro ва КОД (Корти Аввалини Дохилӣ) мебошанд, метавонанд маблағи хариди маҳсулоти нафтӣ ва дигар молу хизматгузориро дар мағозаҳои нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории «Газпром нефт» тавассути кортҳои бонкӣ бидуни комиссияи бонкӣ пардохт намоянд.
Айни замон ин хизматгузорӣ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории № 2, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 13 ва 019-и ширкат ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар давоми моҳи май ширкати «Газпром нефт – Тоҷикистон» ният дорад, ки дар тамоми нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе чунин терминалҳои бонкӣ насб кунад.
Дар ҳамин ҳол, аз ширкат хабар доданд, ки аз 5-уми май дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории №4 (шаҳри Турсунзода), №15 (ш. Хуҷанд) ва №16 (шаҳри Чкаловск) фурӯши бензини навъи олии Аи-98 (премиум) оғоз гардидааст.