Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар самти Хуҷанд-Бишкек хатсайри нави муназами ҳавоӣ боз мекунад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, парвозҳо тавассути ин хатсайр дар як ҳафта як маротиба рӯзҳои душанбе анҷом дода мешаванд. Парвози аввалин бо ин хатсайр рӯзи 11-уми июн дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, вақти парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд соати 11:00 дақиқа буда, давомнокии парвоз 1 соатро ташкил медиҳад. Арзиши билет ба 130 евро баробар аст.
Дар мавсими тобистон ширкати «Тоҷик Эйр» ҳамчунин ният дорад, ки ба анҷоми парвозҳо тавассути хатсайри Хуҷанд-Ош-Хуҷанд низ оғоз бахшад.
Айни замон ширкати «Тоҷик Эйр» аз маркази маъмурии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба шаҳрҳои Маскав, Новосибирск, Екатеринбург, Санкт-Петербург ва Алмаато парвозҳо ба иҷро мерасонад.






