Ҳукм нисбати панҷ сокини Исфара бетағйир монда шуд

Суди олии Тоҷикистон ҳукми суди вилояти Суғд нисбат ба панҷ нафар сокинони Исфараро, ки дар куштори ёвари сардори мизи шиносномадиҳиву баҳисобгирии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Содиқ Ашӯрови 34-сола муттаҳам дониста шуда буданд, бетағйир боқӣ гузошт. Моҳи марти соли равон 4 нафар сокинони 22-сола ва як тан сокини 26-солаи деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аз […]

Мавлуда Рафиева


Суди олии Тоҷикистон ҳукми суди вилояти Суғд нисбат ба панҷ нафар сокинони Исфараро, ки дар куштори ёвари сардори мизи шиносномадиҳиву баҳисобгирии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Содиқ Ашӯрови 34-сола муттаҳам дониста шуда буданд, бетағйир боқӣ гузошт.

Моҳи марти соли равон 4 нафар сокинони 22-сола ва як тан сокини 26-солаи деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аз ҷониби суди вилояти Суғд ба муҳлатҳои аз 12 то 14 соли зиндон маҳкум карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки 11-уми сентябри соли равон тахминан соатҳои 21:00 дар қаламрави деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара шахсони номаълум ба сокини 34-солаи маҳалли мазкур, ёвари сардори мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳ Содиқ Ашӯрови 34-сола дарафтоданд. Онҳо бераҳмона ӯро мавриди латукӯб қарор дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Аз ҷароҳатҳои бардошта Содиқ Ашӯров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Вакили мудофеи маҳкумшудагон Файзинисо Воҳидова бар ин назар аст, ки зерҳимоягони ӯ бидуни ҳеҷ асосе боздошт ва маҳкум шудаанд. «Онҳо дар содир намудани ин ҷиноят даст надоранд, зеро ҳамааашон аз хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ озод буда, барои ин ягон сабабе ҷой надошт», – изҳор доштааст ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.