Дар Тоҷикистон заминларза рух дод

Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ду ҳодисаи заминларза рух дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази обуҳавошиносии Душанбе хабар доданд, заминларзаи аввал соати 10:02 ба вақти маҳаллӣ рух дода, марказаш дар 440 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд. Дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил дод. Заминларзаи […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ду ҳодисаи заминларза рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази обуҳавошиносии Душанбе хабар доданд, заминларзаи аввал соати 10:02 ба вақти маҳаллӣ рух дода, марказаш дар 440 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд. Дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Заминларзаи дуюм соати 10:29 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Маркази заминларзаи дуюм дар 312 километрии шаҳри Душанбе рух дод. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар марказ қувваи заминларза 4-5 балл, дар Душанбе 2-3 балл ва дар Хоруғ 2-2,5 баллро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.