Пешгирии қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир дар Шӯрообод

Рӯзи 10-уми июни соли равон дар натиҷаи амалиёти кормандони ВКД алайҳи гурӯҳи нашъаҷаллобон дар ноҳияи Шӯробод  дар мавзеи «Деволбарс» миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва гурӯҳи қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ашхоси мусаллаҳи ҷинояткор ба муқовимат тоб наоварада, ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд. Дар […]

ASIA-Plus


Рӯзи 10-уми июни соли равон дар натиҷаи амалиёти кормандони ВКД алайҳи гурӯҳи нашъаҷаллобон дар ноҳияи Шӯробод  дар мавзеи «Деволбарс» миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва гурӯҳи қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ашхоси мусаллаҳи ҷинояткор ба муқовимат тоб наоварада, ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд. Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз пинҳонгоҳи сохтаи қочоқчиёни маводи мухаддир дар ҳудуди мавзеи «Деволбарс» дар чор халта ба миқдори ниҳоят калон 100 кг 160 грамм маводи нашъадори бангдона ва як адад яроқи тамғаи «ТОЗ-16» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Якчанд рӯз пеш, дақиқан рӯзи 6-уми июн дар мавзеи номбурда, ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як гурӯҳи мусаллаҳи нашъаҷаллобон иборат аз шаҳрвандони Афғонистон ошкору безарар гардонида шуда буданд. Задухӯрди мусаллаҳона, ки беш аз ду соат тӯл кашид, сабаби фирор намудани қочоқчиён ба марзи ин кишвар гардид. Аз пинҳонгоҳи нашъаҷалобон дар 5 борхалта ба миқдори 90 кг 300 грамм маводи нашъадор мусодира карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.