Парвандаи писари раиси ҲНИТ-ро суд баррасӣ мекунад

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Муҳаммад Тиллозода, писари арбоби маъруфи сиёсӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ҷиҳати баррасӣ ба суди шаҳри Ваҳдат ирсол мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи М.Тиллозода хабар дод, чанде қабл ӯ бо зерҳимояи худ дар боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и Ваҳдат вохӯрдааст. […]

Аваз Юлдошев


Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Муҳаммад Тиллозода, писари арбоби маъруфи сиёсӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ҷиҳати баррасӣ ба суди шаҳри Ваҳдат ирсол мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи М.Тиллозода хабар дод, чанде қабл ӯ бо зерҳимояи худ дар боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и Ваҳдат вохӯрдааст. «Вазъи М.Тиллозода хуб аст ва ӯ боварӣ дорад, ки суд нисбат ба ӯ ҳукми одилона содир хоҳад кард», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки М.Тиллозодаи 21-сола аввали моҳи май ба ҳабс гирифта шуда, айни замон дар боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и шаҳри Ваҳдат нигоҳ дошта мешавад. Ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) гунаҳкор карда мешавад.

Дар таърихи 3-юми майи соли равон дар қаламрави шаҳри Ваҳдат як толибилми 12-сола Муҳсиддин Ортиқов зери мошини «Toyota Camry» таҳти идораи Муҳаммад Тиллозода монда, рӯзи дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар рӯзи ба хок супурдани ҷасади модари раиси ҲНИТ ба вуқӯъ пайваст.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, ҳизб аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба тафтиши қазияи мазкур машғуланд, дархост кардааст, ки тафтишот дар доираи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон гузаронида шавад. Писари М.Кабирӣ донишҷӯйи яке аз мактабҳои олии Малайзия аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.