Озмуни қориёни Қуръони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе

Маркази исломии Тоҷикистон миёни ҳофизони Қуръони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмун созмон медиҳад. Дар ин бора ба islamnews.tj котиби матбуотии Маркази исломӣ Атовулло Қосимов хабар дод. Ба гуфтаи вай, озмун рӯзҳои 5-6-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад. «Аз ҳар кадоме аз кишварҳо мо се нафар қориёни беҳтарини Қуръонро интизорем ва аллакай […]

ASIA-Plus


Маркази исломии Тоҷикистон миёни ҳофизони Қуръони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмун созмон медиҳад. Дар ин бора ба islamnews.tj котиби матбуотии Маркази исломӣ Атовулло Қосимов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, озмун рӯзҳои 5-6-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад. «Аз ҳар кадоме аз кишварҳо мо се нафар қориёни беҳтарини Қуръонро интизорем ва аллакай 11 кишвар иштирок дар озмунро тасдиқ карданд. Ҳарчанд Белорус аз иштирок дар озмун даст кашида бошад ҳам, ҳофизони Қуръон аз ҷумҳуриҳои Русия – Чеченистон, Доғистон ва Тотористон ба Душанбе хоҳанд омад», – гуфт ӯ.

Қосимов мегӯяд, дар Тоҷикистон озмуни ҳофизони Қуръон бо чунин миқёс бори нахуст гузаронида мешавад. «Айни замон кумитаи тадорукоти озмун масъалаи бо мукофотҳо сарфароз гардонидани ғолибони озмунро мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», – иброз дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта навраси тоҷикистонӣ Сиратуллоҳ Абдухолиқ дар озмуни ҳофизони Қуръон дар шаҳри Маскави Русия миёни намояндагони 30 кишвари дунё ғолиб дониста шуд.

Ҳамчунин соли гузашта ду нафар намояндагони Тоҷикистон дар озмуни 19-уми байнулмилалӣ дар шаҳри Қоҳираи Миср ба қатори даҳгонаи беҳтарини қориёни Қуръон шомил гардиданд. Дар озмуни мазкур беш аз 100 нафар намояндагони кишварҳои Осиёву Африқо ва Аврупо ширкат варзида буданд.

Ғайр аз ин, соли 2011 қориёни Қуръони аз Тоҷикистон дар озмуни 26-уми байнулмилалии ҳофизони Қуръон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок карданд. Дар ин озмун қориёни Қуръони синнусоли аз 18 то 40-сола аз 40 кишвари мусулмонӣ ширкат доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.