Тӯйи бепули 60 ҷуфти навхонадорон дар тарабхонаҳои Душанбе

Чор тарабхонаи шаҳри Душанбе аз ҳисоби худ барои тӯйи 60 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат мизи тӯйӣ меороянд. Ин маросимҳои ақди никоҳи навхонадоронро мақомоти шаҳрдории пойтахт ба муносибати 15-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ доир месозад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, ин ташаббус аз сӯйи моликони тарабхонаҳои «Роҳат», […]

Аваз Юлдошев


Чор тарабхонаи шаҳри Душанбе аз ҳисоби худ барои тӯйи 60 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат мизи тӯйӣ меороянд. Ин маросимҳои ақди никоҳи навхонадоронро мақомоти шаҳрдории пойтахт ба муносибати 15-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ доир месозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, ин ташаббус аз сӯйи моликони тарабхонаҳои «Роҳат», «Яккачинор», «Қанд» ва қахвахонаи «Москва» пеш гирифта шуда, дар ҳар яке аз ин тарбахонаҳот барои 15 ҷуфти навхонадорон ва хешовандони онҳо мизҳои тӯйӣ ороста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи май раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ибтикори як қатор корхонаву мауссисаҳои шаҳрӣ доир ба баргузор намудани маросими ақди никоҳи 60 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоатро дастгирӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад БДА «Амонатбонк», Раёсати Кумитаи андоз ва гумруки пойтахт, ҶСК «Тоҷиксемент», ҶДММ «Вавилон Мобайл», ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶДММ «Тоҷикмебел», меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон», «Серена», бозорҳои «Султони Кабир» ва «Сафариён» ҳар кадоме 41 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, маблағи умумии хайрия 451 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 93 ҳазор $)-ро ташкил додааст.

Зикр гардид, ки маросими ақди никоҳ навхонадорон дар маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» доир гардида, дар он ба навхонадорон ҳамчунин туҳфаҳои мақомоти шаҳрдорӣ ва сарпарастон тақдим карда мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.