Мактаби №1-и куҳантарини шаҳри Кӯлоб ба номи халабони машхури шӯравӣ Валерий Чкалов, ки аз соли 1949 фаъолият дорад, тағйири ном кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи ташкилии мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Файзулло Абдуллоев хабар дод, минбаъд ин мактаб номи шоир ва драматурги маъруфи тоҷики ахири асри XX ва аввали қарни XXI Сафармуҳаммад Айюбиро хоҳад дошт.
Ба гуфтаи ӯ, мактаби чанде қабл бунёдшудаи №52 бо мусоидати олимони шаҳр ба исми сиёсатшинос, арбоби давлативу ҷамъиятӣ ва яке аз асосгузорони қабули қонун дар бораи забони давлатӣ Тағай Раҳмонов номгузорӣ шуд.
«Кӯчаи ба номи Серго Орҷоникидзеи шаҳр ба исми арбоби маъруфи соҳаи маорифи Кӯлоб Аҳмадшоҳ Абдураҳмонов тағйири ном кард», – гуфт Абдуллоев.
Номбурда афзуд, як қатор микрорайону кӯчаҳо ва шаҳракхову маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр низ тағйири ном карданд.


