ҲНИТ фаъолон аз Ёвонро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонид

Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоишеро барои таҷлили 15-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 10-умин Конфронси бахши ҲНИТ дар ноҳияро баргузор кард. Дар кори конфронс дар баробари мақомоти раҳбарии ҲНИТ ва фаъолони ҳизб, ҳамчунин намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд. Тавре аз қароргоҳи марказии […]

ASIA-Plus


Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоишеро барои таҷлили 15-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 10-умин Конфронси бахши ҲНИТ дар ноҳияро баргузор кард. Дар кори конфронс дар баробари мақомоти раҳбарии ҲНИТ ва фаъолони ҳизб, ҳамчунин намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар конфронс маърӯзаҳо дар мавзӯи «Ваҳдат ва сулҳ аз нигоҳи дини Ислом», «Ваҳдати миллӣ ва нақши Президент Эмомалӣ Раҳмон ва шодравон Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ноил гардидан ба сулҳу созиш дар ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Пас аз конфронс ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ёвон доир гардида, дар фарҷоми он 15 нафар фаъолони ҳизб бо ифтихонномаҳо ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.