Таҳқиқоти САҲА оид ба тамоилҳои тундгароӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон барои сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалии муқими шаҳри Душанбе натиҷаҳои гузориши «Тундгароии исломӣ дар Тоҷикистон: таҳлили тамоилҳои ҷорӣ»-ро пешниҳод кард. Тавре дар иттилоияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, дар гузориш таҳлили дарки ифротгароӣ ва тундгароии исломӣ аз ҷониби ҷомеа пешниҳод шудааст. Таҳқиқоти мазкур аз ҷониби маркази […]

ASIA-Plus


Имрӯз Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон барои сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалии муқими шаҳри Душанбе натиҷаҳои гузориши «Тундгароии исломӣ дар Тоҷикистон: таҳлили тамоилҳои ҷорӣ»-ро пешниҳод кард.

Тавре дар иттилоияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, дар гузориш таҳлили дарки ифротгароӣ ва тундгароии исломӣ аз ҷониби ҷомеа пешниҳод шудааст. Таҳқиқоти мазкур аз ҷониби маркази таҳқиқоти иҷимоӣ-сиёсии «Коршинос» тавассути баргузории мусоҳибаҳо, кор бо гурӯҳҳои ҳадафнок ва назарсанҷиҳои афкори умум дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки 3500 нафар пурсидашудагон доир гардид.

Мутобиқи тавсияҳои дар асоси гузориш таҳияшуда, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон амалисозии як қатор чорабиниҳо барои мубориза бо ифротгароии маҷбуриро пешниҳод намуд. Аз ҷумла, ин чорабиниҳо аз мусоидат ба ташакккули сиёсати мубориза бо тундагароӣ ва тақвияти имконоти шахсони мансабдори ҳукумат ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст.

«Натиҷаҳои таҳқиқот бозгӯи онанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба падидаи ифротгароии маҷбурӣ ба таври кофӣ устувор аст, – изҳор кард роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, сафир Ивар Викки. – Ман умедворам, ки гузориши мазкур ба дарки бештари стратегии тамоили тундагароӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин истифодаи тарзи маънавии таҳияи стратегияи минбаъдаи мубориза бо ифротгароии маҷбурӣ мусоидат хоҳад кард».

Директори Маркази таҳқиқоти иҷтимоӣ-сиёсии «Коршинос» Пӯлод Азимов иброз дошт, ки натиҷаҳои таҳқиқот тасдиқ месозанд, ки аз ифротгароӣ натанҳо мансабдорони ҳукумат, балки дар маҷмӯъ аҳолӣ низ изҳори нигаронӣ мекунад. «Бо вуҷуди ин, таҳқиқоти мо нишон дод, ки ҳамчунин барои пешгирии муваффақонаи таҳдиди ифротгароии маҷбурӣ имконот мавҷуданд», – гуфт ӯ.

Гузориши мазкур ҳамчунин ба намояндагони 13 мақомоти давлатӣ, ки ба масоили мубориза бо ифротгароии маҷбурӣ ва тундгароӣ машғуланд, низ пешниҳод гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.