Интиқод аз сиёсати ИА оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ

Date:


Намояндагони созмони Шарикии байнулмилалӣ ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи инсон (International Partnership for Human Rights), ки миёнашон як қатор ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқи Тоҷикистон низ ҳузур доранд, дар робита ба 5-умин солгарди қабули Стратегияи Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба Осиёи Марказӣ як изҳорот қабул карданд.

Стратегияи ИА оид ба Осиёи Марказӣ моҳи июни соли 2007 қабул шуда, дар он густариши ҳамкориҳои ИА ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо пешбинӣ мешавад. Ин стратегия ҳамчунин дифоъ аз ҳуқуқи инсонро мавқеи калидӣ дар муносибат бо кишварҳои минтақа муайян кардааст. Ғайр аз ин, тибқи ин санад, ИА ба роҳандозии «муколама оид ба ҳуқуқи инсон» ба таври «мунтазам» ва «нигаронидашуда ба натиҷаи мушаххас» бо ҳукуматҳои кишварҳо ва ҳамкории пурсамар бо СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ дар самти беҳбуди риояи ҳуқуқи инсон уҳдадор шудааст.

Аммо муаллифони изҳорот бар ин назаранд, ки пас аз гузашти панҷ сол аз қабули стратегия «муколамаҳо оид ба ҳуқуқи инсон» бо ҳукуматдорони минтақа ва дигар чорабиниҳо дар ин самт натиҷаи дилхоҳ надодаанд.

«Иттиҳоди Аврупо дар иқдомот нисбат ба риояи ҳуқуқи инсон дар минтақаи Осиёи Марказӣ бояд пайгирона амал намуда, ба арзишҳои худ эҳтиром гузорад ва ба нодида гирифтани қонуншиканиҳо дар ин самт ба хотири пешбурди манфиатҳои марбут ба энергетика ва амният роҳ надиҳад», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ҳарчанд дар ҳолатҳои ҷудогона шояд «дипломатияи хомӯшона» муваффақ бошад, аммо сатҳи баланди таваҷҷуҳи умум ба тақвияти имиҷи ИА ҳамчун сохтори амалкунанда дар самти риояи ҳуқуқи инсон кӯмак мерасонад. «Ғайр аз ин, мансабдорони баландпояи Иттиҳоди Аврупоро зарур аст, ки зимни сафарҳои расмӣ ба кишварҳои минтақа дар бораи риояи ҳуқуқи иносн дар ин давлатҳо изҳороти қавии худро иброз намоянд», – омадааст дар изҳорот.

Миёни зери изҳорот имзогузоштагон созмони Шарикии байнулмилалӣ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон (Белгия), Кумитаи Нидерландии Хелсинки, Дафтари байнулмилалии Қазоқистон оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Гурӯҳи ташаббускори Туркманистон оид ба ҳуқуқи инсон (Австрия), Гурӯҳи мустақили ташаббускори ҳомиёни ҳуқуқи Ӯзбекистон,Хюман Райтс Вотч, Кумитаи Норвегии Хелсинки ва аз Тоҷикистон – Фонди ҷамъиятии «Нотабене», Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир, Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва рияои қонуният, Ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳузур доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related