Таҳти назорати прокурори генералӣ қарор гирифтани парвандаи қирғизҳо

Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода таҳти назорати худ гирифтани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба шаҳрвандони Қирғизистон дар робита ба фурӯши ғайриқонунии симоб дар ноҳияи Исфараро ваъда кардааст. Бино ба маълумоти сомонаи Прокуратураи генералии Қирғизистон, зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои қирғизи худ Аида Салянова, Шерхон Салимзода гуфтааст, ҷараёни тафтишоти парвандаи мазкур таҳти назорати ӯ қарор хоҳад дошт. […]

ASIA-Plus


Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода таҳти назорати худ гирифтани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба шаҳрвандони Қирғизистон дар робита ба фурӯши ғайриқонунии симоб дар ноҳияи Исфараро ваъда кардааст.

Бино ба маълумоти сомонаи Прокуратураи генералии Қирғизистон, зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои қирғизи худ Аида Салянова, Шерхон Салимзода гуфтааст, ҷараёни тафтишоти парвандаи мазкур таҳти назорати ӯ қарор хоҳад дошт.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар вилояти Ботканд 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гаравгон гирифта шуда буданд. Ҳадафи ин амал ивази онҳо ба се нафар қирғизистониҳо буд, ки бо 103 кило симоб дар вилояти Суғд дастгир шуда буданд. Айни замон гаравгонон озод карда шудааанд.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зимни гуфтушунид дар Исфара бобати ҳодисаи ба гаравгон гирифтани шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби 10 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар вилояти ҳаммарзи Ботканд ба мувофиқа расиданд, ки ин қазия дақиқан мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.