Коҳиши назарраси қимати гази моеъ дар Тоҷикистон

Ахиран дар Тоҷикистон қимати гази моеъ ба таври назаррас коҳиш меёбад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсат оид ба таъмини нафту гази Вазорати энергетика ва саноати ҶТ Ёраҳмад Бегаҳмадов хабар дод, аввали моҳи июн арзиши 1 литр гази моеъ ба ҳисоби миёна 2,90 сомониро ташкил дода, охири ҳамин моҳ қимати он то 2,60 сомонӣ поин […]

Заррина Эргашева


Ахиран дар Тоҷикистон қимати гази моеъ ба таври назаррас коҳиш меёбад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсат оид ба таъмини нафту гази Вазорати энергетика ва саноати ҶТ Ёраҳмад Бегаҳмадов хабар дод, аввали моҳи июн арзиши 1 литр гази моеъ ба ҳисоби миёна 2,90 сомониро ташкил дода, охири ҳамин моҳ қимати он то 2,60 сомонӣ поин рафтааст. Моҳи март бошад, арзиши 1 литр гази моеъ ба 3,5 сомонӣ баробар буд.

Сабаби босуръат поин рафтани арзиши гази моеъро мутахассис ба коҳиши нархи нафт дар биржаҳои ҷаҳонӣ марбут медонад. «Ҳанӯз моҳи март қимати баррели нафт дар биржаҳои ҷаҳон ба ҳисоби миёна 126 доллари ИМА-ро ташкил медод, имрӯз бошад, қимати он то ба 94 доллари ИМА поин рафтааст ва ин албатта, ба қимати гази моеъ низ бетаъсир нахоҳад буд», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти номбурда, соли равон ба Тоҷикистон 34 ҳазору 584 тонна гази моеъ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳазор тонна зиёдтар аст. «Ба Тоҷикистон ин навъи сӯзишворӣ пурра (100%) аз Қазоқистон оварда мешавад», – гуфт вай.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар робита ба афзудани ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин ба таври назаррас коҳиш ёфтаанд.

Ба гуфтаи Бегаҳмадов, соли равон нархи миёнаи маҳсулоти нафтӣ нисбат ба соли гузашта ба андозаи 238 доллари ИМА барои 1 тонна афзуда, 1 ҳазору 168 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Намояндаи Вазорати энергетика ва саноат коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳуриро ҳамчунин ба кам шудани талабот ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ мансуб донист. «Ба гунаи мисол, дар бораи ба истифодаи гази моеъ гузаронидани тамоми воситаҳои нақлиёти давлатӣ супориши президенти ҷумҳурӣ мавҷуд аст, ки он мавриди иҷро қарор дорад. Дар вазорати мо ҳамаи 14 адад автомашинаҳои хизматӣ ба истифодаи гази моеъ гузаронида шуданд», – афзуд Ёраҳмад Бегаҳмадов.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.