Ҳалокати ронанда бар асари садама дар ағбаи Шаҳристон

Date:


Дар ағбаи Шаҳристони воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд бар асари садамаи нақлиёт як нафар ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Даймлер-Бенс», сокини 52-солаи пойтахт Алик Климов зимни ҳаракат дар ағбаи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарии 300-метра сарозер меравад.

«Бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардошта А.Климов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – гуфтанд дар Раёсати ВКД.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и РВКД-и вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли кишвар 96 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2011 – 109 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари он 46 нафар ҳалок (соли 2011 – 55 нафар) ва 97 нафар (соли 2011 – 103 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...