Вакилони палатаи поёнии парлумон ба таътил мебароянд

Пас аз баргузории ҷаласаи охирини иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки санаи 29-уми июн доир мегардад, вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба таътили семоҳаи тобистона мебароянд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз Маҷлиси намояндагон хабар дод, дар ҷаласаи охирин аз суханронии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар бораи натиҷагирӣ аз […]

Аваз Юлдошев


Пас аз баргузории ҷаласаи охирини иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки санаи 29-уми июн доир мегардад, вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба таътили семоҳаи тобистона мебароянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз Маҷлиси намояндагон хабар дод, дар ҷаласаи охирин аз суханронии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар бораи натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи палата интизорӣ меравад.

Ғайр аз ин, дар ҷаласаи охирин баррасии як қатор асноди қонунгузорӣ низ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи муқаррароти регламенти Маҷлиси намояндагон, рухсатиҳои меҳнатии вакилони мардумии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз 1-уми июл оғоз гардида, то нимаи моҳи август идома меёбанд. Сипас вакилони мардумӣ бо интихобкунандагони худ вохӯрда, ҳамчунин дар кумита ва комиссияҳои парлумон машғули кор хоҳанд шуд.

Дар назар аст, ки иҷлосияи 4-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аввали моҳи октябр оғоз мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.