Миннатдории президент аз аъзои Комиссияи оштии миллӣ

Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 15-уми Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбади пойтахт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ба Тоҷикистон даҳсолаҳо лозим мешавад, то оқибатҳои фоҷеабори ҷанги шаҳрвандиро бартараф созад. Сарвари давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои пурдаҳшати солҳои муноқишоти мусаллаҳона ва тавассути музокироти зиёди мураккаби тарафҳои муқобил ва […]

ASIA-Plus


Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 15-уми Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбади пойтахт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ба Тоҷикистон даҳсолаҳо лозим мешавад, то оқибатҳои фоҷеабори ҷанги шаҳрвандиро бартараф созад.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои пурдаҳшати солҳои муноқишоти мусаллаҳона ва тавассути музокироти зиёди мураккаби тарафҳои муқобил ва ҷаҳду талошҳои тамоми нерӯҳои солими ҷомеа ба сулҳу салоҳи ҳамагонӣ расидан ёдовар шуда, мардуми Тоҷикистонро бо ин иди фархунда табрику таҳният гуфт.

«Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ кори саҳлу осон набуд. Вале мо ба шарофати дастгирии халқи тоҷик тавонистем, ки ба орзуи деринаи мардумамон, яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гардем ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате саъю талош намоем, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад», – гуфт ӯ.

Сарвари давлат аз саҳми аъзои Комисссияи оштии миллӣ дар расидан ба сулҳу созиш ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «аъзои Комиссияи оштии миллӣ ва гурӯҳҳои коршиносон дар раванди таъмини сулҳи тоҷикон заҳмати зиёд кашиданд ва аз иҷрои вазифаҳои дар ӯҳда доштаашон ба хотири иҷрои санадҳои баимзорасида муваффақона баромаданд, ки ба ҳамаи онҳо миннатдорӣ баён мекунам».

«Бо мақсади дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстиву инсонпарварӣ ба воя расонидани насли наврас, аз ҷониби онҳо амиқан дарк гардидани муҳимияти пойдории ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар, нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатии Ватани азизамон зарур аст, ки ҳангоми тадриси фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаву олии касбӣ мавзӯи «Ваҳдати миллии тоҷикон» дохил карда, ба хонандагон аҳамияти ин масъала омӯзонида шавад», – пешниҳод намуд сарвари давлат.

Ғайр аз ин, дар фарҷоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки яке аз хиёбонҳо ва ё майдонҳои пойтахт Ваҳдати миллии Тоҷикистон номида шуда, дар он рамзи Ваҳдати ҷовидонаи мардуми кишвар гузошта шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.