Суғд: Ҳалокати се нафар бар асари садамаи нақлиёт

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари ба ҷарӣ сарозер рафтани автомашина се нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд, садама рӯзи 27-уми июн дар ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ рух додааст. «Ронандаи 34-солаи автомашинаи тамғаи «Нива» аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар натиҷа автомашина ба […]

ASIA-Plus


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари ба ҷарӣ сарозер рафтани автомашина се нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд, садама рӯзи 27-уми июн дар ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ рух додааст. «Ронандаи 34-солаи автомашинаи тамғаи «Нива» аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар натиҷа автомашина ба дарёи сарозер меравад ва ронандаву ду нафар мусофирони он дар дарё ғарқ шудаанд», – гуфтанд дар кумита.

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии КҲФ шоми ҳамон рӯз ҷасади фавтидагонро дарёфт намуда, ба кормандони милисаи ноҳияи Айнӣ супурдаанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки шоми 26-уми июн дар ҷамоати Чилгазии ноҳияи Исфара бар асасри боришоти шадид се омада, 22 манзили зисти сокинон осеб дидаанд. «Биноҳо ва заминҳои обчакории наздиҳавлигӣ бо лойқа пур шуда, дар ҷойи ҳодиса комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода машғули кор аст», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.