Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон

Аввали моҳи июл дар меҳмонхони «Ҳайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад. Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш намояндагони беш аз 20 ширкатҳои Қазоқистон, корхонаву ташкилотҳои Вазорати саноат ва технологияҳои навини ин кишвар ва Корпоратсияи Содиротӣ-қарзии «КазЭкспортГарант» иштирок мекунанд. Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Аввали моҳи июл дар меҳмонхони «Ҳайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш намояндагони беш аз 20 ширкатҳои Қазоқистон, корхонаву ташкилотҳои Вазорати саноат ва технологияҳои навини ин кишвар ва Корпоратсияи Содиротӣ-қарзии «КазЭкспортГарант» иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур роҳандозии робитаҳо барои афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст.

Дар доираи чорабиниҳои ҳамоиш намояндагони доираҳои тиҷоратии кишварҳо масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, рушди нақлиёт, боркшонӣ, саноати нафту кимиё, мошинсозӣ, сохтмон, дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ хоҳанд кард.

Ғайр аз ин, гуфтушунидҳои дуҷонибаи намояндагони ширкат ва корхонаҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва муаррифии маҳсулоти ширкатҳои қазоқистонӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 47 ширкат бо сармояи Қазоқистон фаъолият доранд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.