Коҳиши навбатии боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия

Ҳукумати Русия аз 1-уми июл ҳаҷми боҷи содиротӣ ба маводи сӯзишвориро коҳиш медиҳад. Бино ба маълумоти сомонаи ҳукумати Русия, аз 1-уми июл ҳаҷми боҷи содиротӣ ба 1 тонна нафти хоми русиягӣ аз 419,8 $-и моҳи июн то ба 369,3 $ коҳиш меёбад. Ҳамин тариқ, аз 1-уми июл ҳаҷми боҷи содиротии маводи сӯзишвории ба истилоҳ сафеди […]

Виктория Наумова


Ҳукумати Русия аз 1-уми июл ҳаҷми боҷи содиротӣ ба маводи сӯзишвориро коҳиш медиҳад.

Бино ба маълумоти сомонаи ҳукумати Русия, аз 1-уми июл ҳаҷми боҷи содиротӣ ба 1 тонна нафти хоми русиягӣ аз 419,8 $-и моҳи июн то ба 369,3 $ коҳиш меёбад.

Ҳамин тариқ, аз 1-уми июл ҳаҷми боҷи содиротии маводи сӯзишвории ба истилоҳ сафеди Русия аз 277 $-и аз 1-уми июн муқарраршуда то 243,7 $ барои 1 тонна ва ҳаҷми боҷи содиротӣ ба бензин нисбат ба 377,8 $-и моҳи июн то ба 332,4 $ барои 1 тонна поин бурда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Русия ҳар моҳ меъёрҳои боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиро бозбинӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.