Изҳороти сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерали артиш Николай Макаров дар бораи боздошти маблағгузории минбаъда ба рушди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон «бо сабаби ба мушкилӣ ҷараён доштани гуфтушунидҳо дар ин хусус миёни кишварҳо» шакли пардапӯшонаи фишор овардан ба Тоҷикистон аст, – мегӯяд раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов.
«Ҳамин тариқ, Русия ният дорад, ки мақсадҳои пешини худро пиёда созад, яъне муҳлати будубоши пойгоҳро ба 49 сол ва мувофиқи имкон бепул дароз кунад. Дар ҷаҳон чунин таҷрибаи қаламрави худро ба муддати дароз ба ихтиёри низомиёни хориҷӣ ва он ҳам бепул додан мавҷуд нест», – гуфт сиёсатшинос дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳое, ки пойгоҳҳои низомиашонро дар кишварҳои хориҷӣ мустақар месозанд, агар барои будубоши он маблағ пардохт накунанд ҳам, дар он кишвар оид ба рушди зербино корҳои зиёдеро ба сомон расонида, ба артиши миллии ин давлатҳо кӯмаки техникӣ пешниҳод менамоянд.
«Дар Тоҷикистон чунин ҳолат ба мушоҳида намерасад. Аз ин рӯ, ҳарчанд пойгоҳ дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир бошад ҳам, агар Русия маблағгузории минбаъда ба рушди ин пойгоҳашро боздорад, ин кори дохилии ӯст ва агар ин ба онҳо қобили қабул бошад, бигзор маблағгузориро коҳиш диҳанд», – гуфт ӯ ва таъкид кард, ки фаъолияти ҷории пойгоҳи низомии Русия дар ҷумҳурӣ алҳол идома дорад.
Мамадазимов зикр кард, ки пас аз изҳороти собиқ президенти Русия Дмитрий Медведев ҳангоми «қазияи халабонон» дар бораи алҳол баррасӣ накардани масъалаи будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, дар ҷомеаи Тоҷикистон ин пойгоҳро дигар сипари боэътимод намешуморанд.
«Бинобар ин, айни замон онҳо ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки аз мо бепул мустақар кардани пойгоҳи низомиашонро дархост кунанд. Шартҳои пардохти маблағ барои будубоши пойгоҳи низомӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, падидаи маъмулӣ аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз Тоҷикистон барои рушди бахши иҷтимоӣ ба маблағ ниёз дорад», – афзуд сиёсатшинос.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерали артиш Николай Макаров ба хабаргузории «Интерфакс» изҳор дошт, ки Вазорати мудофиаи Русия тасмим гирифтааст, маблағгузорӣ ба рушди пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистонро алҳол мутаваққиф созад, зеро «гуфтушунид доир ба масоили будубоши он дар қаламрави Тоҷикистон пас аз соли 2014 ба мушкилӣ ҷараён дорад».
«Гуфтушунид дар ин хусус ба мушкилӣ ҷараён дорад, вале мо умедворем, ки дар ниҳояти кор ақли солим ғолиб хоҳад омад», – гуфта буд ӯ.
Ӯ хотирнишон сохта буд, ки миёни ду кишвар дар хусуси имзои протокол оид ба дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон баъди соли 2014 мувофиқа ҳосил шуда, имзои он дар семоҳаи аввали соли 2012 пешбинӣ гардида буд.
«Мутаассифона, ин нақшаҳо амалӣ нашуданд. Тоҷикистон ногаҳон якравӣ карда, мо маҷбур шудем, ки то возеҳу аён шудани вазъ маблағгузорӣ барои ободонии пойгоҳро боздорем», – таъкид кард генерали рус.
Пештар аз ин изҳорот генерали дигари рус, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия Владимир Чиркин изҳор дошта буд, ки масъалаи имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли нокомӣ қарор дошта, мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки метавонанд ба имзо нагардидани он боис гарданд.
«Дар робита ба мушкил шудани ихтилофҳои пешбинишуда миёни давлатҳо дар масоили энергетика, об ва истифодаи замин, бо иштироки Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд низоъҳои маҳдуди мусаллаҳона дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ пайванданд», – иброз дошта буд В.Чиркин.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ин изҳороти мансабдори воломақоми низомии Русияро «беназокатии сиёсӣ» унвон кард.
Дар изҳороти ҷавобии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҷумла зикр гардида буд, ки «мавқеи пешгирифтаи генерали рус тааҷҷубовар аст, зеро ӯ метавонист ин ташвиши худро тавассути сохторҳои ҳамгиройи, аз ҷумла СААД ба шарикони худ расонад, вале ӯ роҳи изҳори пурсарусадоро пеш гирифтаааст, ки асоси воқеӣ надошта, ба ҳалли мушкилоти зикркардаи ӯ мусоидат намекунад».
«Дар робита ба масоили ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистону Русия, аз ҷумла масъалаи будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, мутобиқи дастурҳои мақомоти раҳбарии кишварҳо гуфтушунидҳо перомуни мавқеи ҷонибҳо идома дошта, бояд дар муҳдатҳои муқарраршуда ба анҷом расанд», – гуфта шуда буд дар изҳороти мазкур.



