Боздошти се эронӣ дар Душанбе ба гумони қаллобӣ

Кормандони макомоти милисаи шаҳри Душанбе се нафар шаҳрвандони Эронро ба гумони қаллобӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ба боварии як корманди нуқтаи мубодилаи асъор даромада, бо роҳи фиреб барои иваз намудани пули миллии тоҷикӣ ба асъори хориҷӣ аз ӯ 4300 доллари амрикоӣ маблағ мегиранд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб […]

ASIA-Plus


Кормандони макомоти милисаи шаҳри Душанбе се нафар шаҳрвандони Эронро ба гумони қаллобӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ба боварии як корманди нуқтаи мубодилаи асъор даромада, бо роҳи фиреб барои иваз намудани пули миллии тоҷикӣ ба асъори хориҷӣ аз ӯ 4300 доллари амрикоӣ маблағ мегиранд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.