Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ озими Русия шуд

Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ба Русия сафар кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, сафари вазири мудофиаи кишвар то 8-уми июл идома ёфта, дар ҷараёни он Шералӣ Хайруллоев дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 5-уми июл таҳти раёсати вазири […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ба Русия сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, сафари вазири мудофиаи кишвар то 8-уми июл идома ёфта, дар ҷараёни он Шералӣ Хайруллоев дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 5-уми июл таҳти раёсати вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков дар шаҳри Калининград доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон бо як қатор ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ мулоқот анҷом хоҳад дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар кори ҷаласаи мазкур иштироки ҳайати вазоратҳои мудофиаи Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина дар назар аст.

Ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ беш аз 20 масоили марбут ба ҳамкориҳои шариконаи бисёрҷониба дар самтҳои гуногун, аз ҷумла тартиби истифодаи имконоти дастгоҳҳои кайҳонии таъиноти иқтисодии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба манфиати Қуввваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви иттиҳод, масоили бунёд ва такмили низомҳои муттаҳидаи муштараки таъиноти низомӣ, роҳандозии ҳамкории воҳидҳои низомии муҳандисии кишварҳо, тасдиқи Нақшаи ҳамкории муштараки воҳидҳои нерӯҳои дифои зиддиҳавоӣ, муайян намудани самтҳои фаъолият дар кори тарбияи ватандӯстӣ ва рушди варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳо ворид шудаанд.

Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба ҳавасандсозӣ ва бо мукофотҳо қадрдонӣ кардани хизматчиёни низомӣ ва шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ дар робита ба 20-солагии таъсиси Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ қарор қабул мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.