Чанде қабл дар Душанбе машварати шашуми ҳамасолаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба баррасии иҷроиши ўҳдадориҳо бахшида ба меъёри инсонӣ баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон иштирок карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар доданд, машварати мазкур, ки дар остонаи машварати ҳамасолаи САҲА оид ба баррасии иҷроиши ўҳдадориҳо бахшида ба меъёри инсонӣ дар Варшава баргузор мегардад, ба сифати ҳамоиши кушода барои баррасии масоили муҳим дар соҳаҳои риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун хизмат мекунад.
Рӯзномаи машварат бо кӯшишҳои муштараки намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мусоидати Дафтари САҲА дар ҶТ тартиб дода шуд. Дар ҷаласаҳо масъалаҳои озодии баён ва ВАО-и нав, озодӣ аз шиканҷа, озодии мазҳаб, дастрасӣ ба адолати судӣ, ҳуқуқи инсон ва мубориза бо терроризм, ҳуқуқ ба моликият ва кӯчонидани маҷбурӣ, меъёрҳои демократӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Соли равон дар машварати мазкур зиёда аз 120 нафар кормандони сохторҳои давлатӣ ва беш аз 30 нафар намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва аҳзоби сиёсӣ аз минтақаҳо дар ҳамроҳӣ бо шарикони миллӣ ширкат варзиданд.
«Баррасиҳои фаъолона дар машварати соли равон иродаи умумии намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандиро таҷассум месозанд, ки ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати такмили асосҳои ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва амалисозии воқеии қонунгузорӣ равона шудаанд», – зикр кард дар машварат роҳбари Дафтари САҲА дар ҶТ Ивар Викки.
Ба гуфтаи сардори Раёсати кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Музаффар Ашӯров, тавсияҳо оид ба масоили калидӣ дар бахши риояи ҳуқуқи инсон, ки аз рӯйи натиҷаҳои машварат омода мегарданд, ба инобат гирифта хоҳанд шуд. «Онҳо ба мо дар таҳияи сиёсати муассир барои такмили асосҳои ҳуқуқиии ҳифзи ҳуқуқи инсон кӯмак мекунанд», – афзуд Ашӯров.



